X
تبلیغات
محبّان = М у ҳ и б б о н
محبّان = М у ҳ и б б о н
دین: اسلام/ وطن: تاجیکستان = Дин: Ислом/ Ватан: Тоҷикистон

 
Торих : Sat 18 May 2013

Мунозираи Имом Ҳодӣ(а) бо Мутаваккили Аббосӣ

Аз Имом Ҳодӣ(а) назди Мутаваккил шикоят карданд, ки дар манзили у аслиҳа аст ва навиштаҳои таҳрикомез ва чизҳои дигар аст, ки у қасди шуриш бар зидди давлат дорад. Мутаваккил гуруҳеро ба манзили он ҳазрат фиристод ва онон шабона  ба хонаи Имом ҳуҷум бурданд, вале чизе ба даст наёварданд, онгоҳ Имом(а)-ро дар утоқе танҳо диданд, ки дар ба руи худ баста, ҷомаи пашмин бар тан дорад ва бар замини мафруш аз шин ва моса нишаста ва ба ибодати Худо ва тиловати Қуръон машғул аст.


برچسب‌ها: Мунозира, Имом, Ҳодӣ, Мутаваккили Аббосӣ

Идомаи матолиб...
Фиристанда Аммор

Зиндагиномаи ҳазрати Хадиҷа алайҳоссалом

Падар: Хувайлид (ибни абдул Уро ибни Қусай ибни Килоб).

Модар: Фотима (духтари зоида ибни Асам).

Соли таваллуд: 68 пеш аз ҳиҷрат.

Шавҳар: Ҳазрати Муҳаммад(с)

Фарзандон: Қосим, Абдуллоҳ, Зайнаб, Умми Кулсум, Руқайя ва Фотима.

Лақаб: Тоҳира.

Вафот: Дар моҳи Рамазон соли 10 биъсат ва пас аз се руз баъд аз вафоти Абутолиб. (соли вафоти у “Омул аҳзон” яне соли анбуҳҳо номида шуд).

Маҳалли дафн: Макка

Муддати умр: 65 сол.


برچسب‌ها: Зиндагинома, Ҳазрат, Хадиҷа, Тоҳира, Муҳаммад

Фиристанда Аммор

Уламо ва муфтиёни мансабпараст ва дарборӣ


Ҳар,ки бад карда басе бадном шуд,

Гарчи буд аллома охир хом шуд.

Баҳри мансаб руи худ карда сиёх,

Баъди мурдан то абад гумном шуд.

-------------------------------------

Каъба   обод  аст  аз  асноми  мо,

Хандазан куфр аст бар Исломи мо

Мешавад ҳар мӯдарозе хирқапӯш,

Оҳ, аз ин  савдогарони динфурӯш

-------------------------------------

Воизон ҳам сӯфиён мансабпараст,

Иқтидори  миллати  байзо  шикаст.

Воизи  мо  чашм бар бутхона дӯхт,

Муфтии дини мубин фатво фурӯхт.


برچسب‌ها: Уламо, Муфтиён, Мансаб, Мансабпараст, Дарборӣ

Фиристанда Аммор

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 5 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1. Оё надидӣ Парвардигорат бо филсаворон (лашкари Абраҳа, ки барои нобудии Каъба омада буданд), чӣ кард?!

2. Оё нақшаи онҳоро дар гумроҳиву табоҳӣ қарор надод?!

3. Ва бар сари онҳо паррандагонеро гурӯҳ-гурӯҳ фиристод,

4. Ки бо сангҳои кўчаке онҳоро ҳадаф қарор медоданд,

5. Оқибат онҳоро ҳамчун каҳи хурдшуда (ва парокарда) қарор дод.


برچسب‌ها: Тарҷума, Сура, Фил, Макка, Оят

Фиристанда Аммор

20 Ҷимодиссонӣ рузи занону модарон

20-уми Ҷимодиссонӣ, ки имсол мусодиф аст бо 11-уми Урдибиҳишт ва 1-уми Май рузи занон ва модарон мебошад. Ин руз бар занон ва модарон муборак бод

Замоне ки зан ҳеҷ арзише надошт ва дар қатори ҳайвон аз у истифода мешуд, то ҷое ки агар барои шахсе духтар ба дунё меомад нанг медонистанд ва духтаронро зинда ба гур мекарданд.

Дар ин замон Худованд Паёмбаре офарид ба номи Муҳаммад(с), то ин ақидаҳои ботил ва хурофиро аз байн барад ва ба у фарзандоне доду боз зуд гирифт ва охир як духтаре ба номи Фотимаи Заҳро(а) дод, ки бо ин ҳадия Худо тамоми ақоид ва боварҳои ботилро дар мавриди зан аз байн бурд ва ёдоварӣ кард, ки зан як инсони комил аст ва метавонад аз мард ва ҳатто аз фаришта ҳам боло шавад, ва инро дар ҳазрати Фотимаи Заҳро(а) нишон дод, ки улгу ва сармашқи тамоми заноне аст, ки мехоҳанд бартар ва бо арзишу сарбаланд бошанд.


برچسب‌ها: Руз, Зан, Модар, Фотима, Заҳро

Идомаи матолиб...
Фиристанда Аммор
Ҳазрати Фотимаи заҳро(а) духтари Расули Худо(с) сардори занони олам, ки Худо ба паёмбараш ҳазрати Муҳаммад(с) дар ивази тамасхур ва таъни мушрикон ҳадя намуд ва муҳаббати ӯро барои мусалмонон воҷиб намуд ва то онҷо, ки Паёмбари Акрам(с) дуст доштани ӯро мусовӣ бо дуст доштани худ ва душманӣ бо ӯро мусавӣ бо душманӣ бо худ донистанд.


برچسب‌ها: Бону, Ношинохта, Бонуи ношинохта, Фотима, Заҳро

Идомаи матолиб...
Фиристанда Аммор

Ҳамеша дар ғами ту эй муҳоҷир,

Дуо гуям туро боши мусофир.

Яқин донам ду чашми ту ба роҳ аст,

Ки ин сарсонӣ оё дорад охир?!!!

----------------------------------------------

То ба кай дар дори ғурбат,беватан мирем мо,

Ҳамчу гусфанд зери теғи Аҳриман мирем мо.

Мо мусофирзодаем,ё ки бадарға аз Ватан?

То ба кай мисли ғуломи бекафан мирем мо

(М. Р)


برچسب‌ها: Шеър, Ватан, Ғарибӣ, شعر, وطن

Фиристанда Аммор
Фотима Уммулбанин ҳамсари ҳазрати Алӣ(а) ва модари ҳазрати Аббос(а) Баширро дид, ки фиристодаи Имом Саҷҷод(а) буд ва ба Мадина омада то мардумро аз моҷарои Карбало ва бозгашти корвони Имом Ҳусайн(а) бо хабар созад. Ба у гуфт: Эй Башир! Аз Имом Ҳусайн(а) чи хабар дори? Башир гуфт: Худо ба ту сабр диҳад, ки фарзандат Аббос кушта шуд. Уммулбанин фармуд: Аз Ҳусайн(а) маро хабар деҳ!

Башир хабари шаҳодати се фарзанди дигари уро дод, вале Уммулбанин пайваста аз Имом Ҳусайн(а) мепурсид ва мегуфт: Фарзандони ман ва ончи дар зери осмон аст фадои Ҳусайн(а) бод.

Чун башир хабари шаҳодати Имом Ҳусайн(а)-ро ба он ҳазрат дод, фарёд кашиду гуфт: Эй башир! Раги қалбамро пора пора карди ва сипас садо ба нолаву гиря баланд кард.

Ин алоқаи у ба Имом Ҳусайн(а) далели камоли маънавияти уст, ки он ҳама исорро дар роҳи Ислом фаромуш кард ва танҳо аз раҳбараш сухан ба миён овард.


برچسب‌ها: Фарзандонам, фадо, Ҳусайн, Уммулбанин, Фотима

Фиристанда Аммор

Ҷойгоҳи масҷид дар тарбияти ҷомеа

Масҷид нақши муҳимме дар ҳаёти динӣ ва ҳатто дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва илмии инсонҳо дорад, аммо дар муқобили он, калисо, ки нақши онро дар таълиму тарбият дар канори нақши масҷид дар таълиму тарбият дастабандӣ намудаем ба тартиб баён хоҳем кард.


برچسب‌ها: Масҷид, Тарбият, Ҷомеа

Идомаи матолиб...
Фиристанда Аммор
Сураи Қурайш

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 4 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1. (Ҷазои лашкари филсаворон) ба хотири ин буд, ки Қурайш (ба ин сарзамини муқаддас) улфат гиранд (ва заминаи зуҳури Паёмбар фароҳам шавад).

2. Улфати онҳо дар сафрҳои зимистона ва тобистона (ва ба хотири ин улфат ба он бозгарданд).

3. Пас (ба шукронаи ин неъмати бузуруг), бояд Парвардигори ин хонаро ибодат кунанд,

4. Ҳамон кас, ки онҳоро аз гуруснагӣ наҷот дод ва аз тарсу ноамнӣ эмин сохт.


برچسب‌ها: Тарҷума, Сура, Қурайш, Макка, Оят

Фиристанда Аммор

Ашъор дар мавриди Ҳазрати Фотимаи Заҳро саломуллоҳ алайҳо (3)

Мусалмонон чаро шаб дафн шуд Сиддиқаи Заҳро?

Чаро гум шуд нишони қабри инсияи ҳавро?

Ҳануз аз риҳлати хатми Русул нагзашта айёме

Нигини хотами Паёғамбарон бишкаста вовайло


برچسب‌ها: Фотима, Заҳро, Мусалмонон, Марям, Ҳавво

Идомаи матолиб...
Фиристанда Аммор

Ҳазрати Заҳро(а) дунё ва умматро хеле зуд тарк карданд

Ҳазрати Фотимаи Заҳро(алайҳоссалом) ба ривояте 75 ва ба ривояте 95 руз баъд аз Расули Худо(с) дар 18 солаги дунё ва умматро тарк карда ба падари хеш пайвастанд.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро(а) духтари Муҳаммад(с) ва Хадиҷа(а) ва ҳамсари Алии Муртазо(а), модари Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн(а), Райҳонатуннабӣ, Сиддиқа, уммул уммати вал аимма, уммуннисо, Сйидату нисоил оламин, Хайруннисо, хотуни ҷаннат, тоҷдори ҳалато, Хайри касир ва беҳтарин занони олам ва Хуршеде, ки зуд ғуруб кард.

Чаро беҳтарин зани олам ва сарвари занони биҳиштро шабона дафн карданд ва қабрашро номаълум намуданд ва қабраш пинхон монд? Зане, ки баъд аз падари худ 75 ё 95 руз зинда монд. Зане, ки Худо уро ба Паёмбараш хадия дода буд. Чаро то хол аз ин зан ба ин бузургӣ дар миёни ҳамаи мусалмонон сухан гуфта намешавад ва ахлоқ, рафтор, суханон ва бузургии эшон ва ҳатто қабри эшон пинҳон мемонад? Чаро? чаро? чаро?


برچسب‌ها: Фотима, Заҳро, Дунё, Уммат, Муҳаммад

Фиристанда Аммор

1. Такбир гуфтан: Аввал дастҳоро то наздикии гуш боло мебарем ва мегуем: “Аллоҳу акбар”.

2.  Қиём (рост истодан): Пас аз такбир гуфтан сураи “Ҳамд” ва баъд аз он як сураи дигар монанди сураи “Ихлос” мехонем ё сураи “Кавсар”.


برچسب‌ها: Намоз, Омузиш, Тасвирӣ

Идомаи матолиб...
Фиристанда Аммор

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 7 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1. Оё касе, ки рузи ҷазоро пайваста инкор мекунад, дидӣ?!

2 . Ў ҳамон касе аст, ки ятимро бо хушунат меронад,

3. Ва (дигаронро) ба итъоми мискин ташвиқ намекунад.

4. Пас вой бар намозгузорон, ки,

5. Дар намози худ сустӣ мекунанд.

6. Ҳамон касоне, ки риё мекунанд,

7. Ва дигаронро аз васоили зарурии зиндагӣ манъ менамоянд.


برچسب‌ها: Тарҷума, Сура, Моун, Макка, Оят

Фиристанда Аммор

Зиндагиномаи ҳазрати Фотимаи Заҳро(а)

Ном: Фотима

Номи падар: Муҳаммад(с)

Номи модар: Хадиҷа(а)

Шуҳрат: Заҳро, Сиддиқа, Батул ва...

Куня: Уммал Ҳасанайн, Умми Абиҳо, Уммул Аимма

Маҳалли таваллуд: Маккаи Мукаррама

Замони таваллуд: Ҷумъа, 20 ҷимодиссонӣ, 5 биъсат

Торихи Издивоҷ: Дувуми ҳиҷрат

Номи ҳамсар: Алӣ(а)

Номи фарзандон: Ҳасан, Ҳусайн, Зайнаб, Муҳсин, Умми Кулсум

Замон ва маҳалли шаҳодат: 13 ҷимодилаввал ё 3 ҷимодиссонӣ, 11 ҳиҷрӣ дар 18 солагӣ дар шаҳри Мадина.

Мазори он ҳазрат:  Мушахас ва маълум нест. Ба қавле дар канори қабри Паёмбар(с) ё қабристони Бақеъ ва ё байни минбар ва қабри Паёмбар дар масҷидуннабӣ.


برچسب‌ها: Зиндагинома, Ҳазрат, Фотима, Заҳро

Фиристанда Аммор
Омузиши дуои “Нур” ба ҳазрати Салмони форсӣ(рҳ)
Ҳазрати Фотима(с) хитоб ба Салмони форсӣ(рҳ) фармуданд: Агар мехоҳи Худоро мулоқот куни дар ҳоле, ки аз ту розӣ бошад ва агар мехоҳи то зинда ҳасти
дарди таб туро фаро нагирад, ин дуоро ҳамеша бихон:

بسم الله النور، بسم الله نور النور بسم الله نور على نور، بسم الله الذى هو مدبر الامور، بسم الله الذى خلق النور من النور، الحمد لله الذى خلق النور من النور، و انزل النور على الطور فى كتاب مسطور فى رق منشور، بقدر مقدور، على نبى محبور، الحمد لله الذى هو بالعز مذكور، و بالفخر مشهور، و على السراء و الضراء مشكور، و صلى الله على سيدنا محمد و آله الطاهرين.

Салмон мегуяд: Аз рузе, ки ин дуоро омухтам бештар аз ҳазор кас аз аҳли Мадина ва Маккаро таълим додам ва ҳар кас, ки таб уро фаро мегирифт, чун ин дуоро мехонд ба амри Худои Субҳон таб аз у дур мегашт.[1]


[1] . Баҳор, ҷ. 43, саҳ 66.


برچسب‌ها: Омузиш, Дуо, Нур, Салмон, Фотима

Фиристанда Аммор

Дуо хостан аз дуст:

Зи мардум дил бикан ёди Худо кун,

Худоро вакти танхоӣ садо кун,

Дар он холат, ки ашкат мечакад гарм,

Ғанимат дону моро хам дуо кун.

 

Дустон се қисм ҳастанд:

Дило дустон се қисманд ар бидони

Забонӣ анду нонӣ анду ҷонӣ

Ба нонӣ нон бидеҳ аз дар биронаш

Муҳаббат кун ба ёрони забонӣ

Ва лекин ёрони ҷониро нигаҳдор

Ба ҷонаш ҷон бидеҳ то метавони

 

Аз дӯст ҳарончи расад накутс:

Гар дард диҳад ба мову гар роҳат дуст

Аз дӯст ҳарончи ояд накуст

Моро набувад назар бар неку бадӣ

Мақсуд ризову хушнудии уст


برچسب‌ها: Дустон, Шеър, Дуст, Дуо

Фиристанда Аммор
   Ин сура дар Макка нозил шуда ва 3 оят дорад.

   Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1. Мо ба ту Кавсар (хайру баракати фаровон) ато кардем.

2. Пас барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ кун.

3. (Ва бидон) душмани ту ҳатман думбурида (наслбурида) аст.


برچسب‌ها: Тарҷума, Сура, Кавсар, Макка, Оят

Фиристанда Аммор
    Калимаи “фисқ” бо “фуҷур” аз назари маъно ба ҳам наздиканд. Фисқ ба назар мерасад бештар ҷиҳати мухолифат бо Худоро баён мекунад ва фуҷур густардагии фасод ва гуноҳи фардро мерасонад.

Китоби Муъҷамул Фуруқуллуғавияҳ, саҳ 405 дар фарқи байни фисқу фуҷур овардааст: ان الفسق هوالخروج من طاعة الله بکبیره “Фисқ хориҷ шудан аз тоати Худо ба василаи анҷоми гуноҳони кабира аст” ва фуҷур, пароканда шудан дар маосӣ ва густардагӣ дар гуноҳ мебошад. Ба анҷомдиҳандаи гуноҳи сағира фоҷир гуфта мешавад.


برچسب‌ها: Фисқ, Фуҷур

Фиристанда Аммор

Ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) ингуна буданд:

1.  Ҳамеша ҳар шаб барои ҳама дуо мекарданд.

2.  Се руз ғазо нахурданд ва ғазояшонро ба мискин, ятим ва асир доданд.

3.  Аз шавҳарашон ҳамаҷо ва ҳамавақт таъриф ва пуштибони мекарданд.

4.  Намозҳояшон дароз буд ва ба зудӣ тамом намекарданд.

5.  Шабҳо инқадар ибодат мекарданд, ки поҳояшон варам мекард.

6.  Се чизро аз дунё дуст медошт: Қуръон хондан, назар ба чеҳраи Расули Худо ва инфоқ дар роҳи Худо.

7.  Ҳамсоягон ва ятимону фақирону мискнинону канизонро дуст медошт

8. Ҳар канизе орзуи хидмати эшонро мекард, вале эшон фақат дуст медоштанд, ки онҳоро тарбият кунанд.

9. Хабари зуд пайвастан ба падарашонро фаҳмиданд хушҳол шуданд ва табассум намуданд.

10. Дар некукорӣ ва азхудгузаштагӣ ҳамто надоранд.

11. Дуст намедоштанд, ки фақире аз дари хонаашон ноумед ва дасти холӣ баргардад.

12. Тамоми корҳояшонро холисона барои Худо анҷом медоданд.

13. Ҳамеша ва дар ҳама ҳол ба ёди Худо буданд, ҳатто шаби издивоҷашон.

14. Дар ғазо ва ҳам дар дуо дигаронро бар худашон муқаддам медоштанд.


برچسب‌ها: Фотима, Заҳро, Дуо, Мискин, Ятим

Фиристанда Аммор

Касе ҳаргиз намедонад чи созе мезенад фардо

Чӣ медони ту аз дирӯз чӣ медонам ман аз фардо

Ҳамин як лаҳзаро дарёб, ки фардо мешави танҳо

  ---------------------------------------------------

  Пас бигардиду бигардад рузгор

  Дил ба дунё дар набандад ҳушёр

  Эй ки дастат мерасад коре бикун

  Пеш азон к-аз ту наёяд ҳеҷ кор

    ---------------------------------------------------

   Рӯзии фардои худ имруз мехоҳи зи Ҳақ

   Лек баҳри тавба ҳей имрузу фардо мекуни


برچسب‌ها: Замон, Замони ҳол, Фардо, Дируз, Танҳо

Фиристанда Аммор

Дуои Паёмбар барои занони бо ҳиҷоб

Алӣ(а) мефармоянд: Рузе ба ҳамроҳи Расули Худо(с) дар қабристони бақеъ нишаста будем он руз ҳаво боронӣ буд дар ҳамин ҳол зане, ки савора буд аз пеши мо гузашт, ки ногаҳон дасти он ҳайвон дар гудие фуру рафт ва дар натиҷа он зан нақши бар замин шуд. Паёмбари Худо(с) аз дидани ин саҳна руй гардонд ва нороҳат шуд. Атрофиёни Расули Худо(с) гуфтанд эй Расули Худо он зан пушида аст ва бар тан ҷомае дорад, ки тамоми бадани уро пушонда аст.

Ҳазрат дар ҳаққи у дуо карданд ва гуфтанд: Парвардигоро заноне, ки худро пушида нигаҳ медоранд машмули раҳмат ва бахшиши худ бигардон.

Сипас фармуданд: Эй мардум барои пушиш аз ҷомаҳое истифода кунед, ки андоматонро пушида нигаҳ дорад ва ҳамсаронатонро ба ҳангоми хуруҷ аз манзил бо пушидани он дар ҳифзи амну амон нигаҳ доред.[1]


[1] . Маҷмуаи варом, саҳ 78.


برچسب‌ها: Дуои Паёмбар, Занон, Ҳиҷоб, бо ҳиҷоб, Алӣ

Фиристанда Аммор
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 6 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1. Бигӯ: Эй кофирон!

2. Он чиро шумо мепарастед ман намепарастам.

3. Ва на шумо он чиро ман мепарастам, мепарастед,

4. Ва на ман ҳаргиз он чиро шумо парастиш кардаед, мепарастам,

5. Ва на шумо он чиро ки ман мепрастам, парастиш мекунед.

6. (Ҳол, ки чунин аст) дини шумо барои худатон ва дини ман барои худам.


برچسب‌ها: Тарҷума, Сура, Кофирун, Макка, Оят

Фиристанда Аммор


 Эй тағйирдиҳандаи дилҳо ва дидаҳо,


 Эй тадбир кунандаи шубу руз,


 Эй гардонандаи сол ва ҳолатҳо,


 Бигардон ҳоли моро ба беҳтарин ҳол!


برچسب‌ها: Дуо, Таҳвил, Сол

Фиристанда Аммор
    Истифода аз Баҳори табиӣ ва баҳори маънавӣ

  Инсон ҳам ба дунё ниёз дорад ва ҳам ба охират, инчунин ҳам ба баҳори табии ниёз дорад ва ҳам ба баҳори маънавӣ.

  Худованд дар баҳори маънавӣ аз рузҳо ҷумъаро қарор дод ва аз моҳҳо рамазонро ва дар аҳодис ворид шудааст, ки ҳар чизе баҳоре дорад. Масалан баҳори Қуръон моҳи Рамазон аст.[1] Ва баҳори дилҳо Қуръон аст.[2]

  Аммо дар баҳори табиӣ рузи навруз ва фасли баҳорро қарор дод. Бо оғози ин фасл, ки табиат либоси нав бар тан мекунад инсон ҳам хушҳол мешавад ва руҳияи шодобиро ба худ мегирад ва вуруди ин рузро ҷашн мегирад.

  Лизо ҳарчизе баҳоре дорад ва баҳори рузҳо дар олами табиӣ рузи навруз ва баҳори фаслҳо фасли баҳор аст.

  Худо баҳори табииро ба василаи хуршед ба вуҷуд меоварад, ки пас аз муддати дурӣ ва фосила бо ашиаи гарми худ табиати мурдаро зинда ва замини хуфтаро бедор мекунад. Ва низ баҳори маънавӣро ба василаи хуршеди тобандаи Қуръон дар дилҳои мурда ва руҳҳои афсурда эҷод мекунад.


[1] . Кофӣ, ҷ. 2, саҳ 630. (لكل شی‏ء ربيع و ربيع القرآن شهررمضان)

[2] . Наҳҷулбалоға, хутбаи 109. (تعلموا القرآن فانه ربيع القلوب)


برچسب‌ها: Баҳор, Табиӣ, Маънавӣ, Инсон, Дунё

Фиристанда Аммор

1) Дар бадтарин рузҳо умедвор бош, зеро ки зеботарин боронҳо аз сиёҳтарин абрҳо меборад.


برچسب‌ها: Суханон, Аҳли дил

Идомаи матолиб...
Фиристанда Аммор

    Луқмони ҳаким дар тавсия ба фарзандаш фармуд: Фарзандам дилбаста ба ризои мардум ва мадҳу замми онон мабош, зеро ҳар қадар инсон дар роҳи таҳсили он бикушад ба ҳадаф намерасад ва ҳаргиз наметавонад ризояти ҳамаро ба даст оварад.

    Муллонасриддин ва гапи мардум

   Рузе муллонасриддин бо писараш ба қишлоқе рафтанд. Мулло писарро савори хар карда худаш пиёда роҳ мерафт. Дар роҳ ба чанд нафар бархурданд онҳо писари муллоро бо ангушт нишон дода ва гуфтанд: Имруза авлод абадо риояти эҳтироми падарро намекунанд. Мебинед ин писар савори хар шуда ва падри пираш аз ақиби ӯ пиёда равонаст.


برچسب‌ها: Гап, Мардум, Луқмони ҳаким, Муллонасриддин

Идомаи матолиб...
Фиристанда Аммор
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 3 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1. Ҳангоме, ки ёрии Худо ва пирӯзӣ фаро расад,

2. Ва бибинӣ мардум гурӯҳ-гурӯҳ дохили дини Худо мешаванд,

3. Парвардигоратро тасбеҳ ва ҳамд кун ва аз Ў омурзиш бихоҳ, ки Ў бисёр Тавбапазир аст.


برچسب‌ها: Тарҷума, Сура, Наср, Макка, Оят

Фиристанда Аммор
  Дар бадтарин шароит Худо ба доди инсон мерасад вале боз инсон носипосӣ мекунад. Худо бо қудраташ кудаки ширхорро бидуни модар ва он ҳам дар байни дарё ё зери хок ҳифз мекунад ва ба у ризқ медиҳад, вале инсони ғофил барои ба даст овардани ризқу рузӣ маъсият ва нофармонии Худоро мекунад.

  Рузе Паёмбари Акрам(с) нишаста буданд, ки ҳазрати Азроил(а) ба зиёрати он ҳазрат омад. Паёмбари Акрам(с) аз ӯ пурсиданд: “Эй Азроил! Дар ин муддате, ки Худои Мутаол туро амр кардааст, ки ҷони мардумро бигирӣ, то ҳол иттифоқ афтодааст, ки бар яке аз онҳо раҳм кунӣ ва дилат бисузад?”

  Гуфт: бале ё Расулаллоҳ! Дар ин муддате, ки ман бар қабзи руҳи бандагон амр шуда будам дар ду маврид дилам сухт:


برچسب‌ها: Шаддод, Од, Худо, Паёмбари Акрам, Азроил

Идомаи матолиб...
Фиристанда Аммор

    Беҳтар аст пеш аз вузу дастҳоро то банди даст бишуем, вале ин шустан аз вузу(таҳорат) нест балке хуб аст ин корро кунем.

    Пас ин гуна вузу мегирем:


برچسب‌ها: Омузиш, Тасвири, Вузу, Таҳорат

Идомаи матолиб...
Фиристанда Аммор
کد آپلود عکس

اسلایدر

دانلود فیلم